Экспертҳо аз мамолики Осиёи Марказӣ масоили бехавфии энергетикиро муҳокима мекунанд

  • 14 Dec. 2016 - 16 January 2017
  • |
  • Last updated 23-Jan-2017 11:52

Анҷуман таҳти номи «25 соли истиқлол: масоили бехавфии энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои дигар» таи рўзҳои 14-15 декабри соли 2016 дар Ашқобод баргузор шуд. Дар кори он экспертҳо аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон ширкат варзиданд. Ин тадбир, ки дар Туркманистон баргузор шуд, имкони баррасӣ қарор додани таҳдидҳо ба бехавфӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар ҷанбаи энергетикиро фароҳам овард.

Анҷуман аз тарафи Бюрои ходими НАТО оид ба алоқаҳо ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, сафоратхонаи Британияи Кабир дар Ашқобод ва Пажўҳишгоҳи муттаҳидаи шоҳигарӣ оид ба таҳқиқи масоили бехавфӣ ва дифоъ дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ташкил карда шуд.

Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки сарфи назар аз он, ки ҳамкории минтақавӣ барои кафолати бехавфии инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст, қубурҳои нефту газ ҳамчун воситаи ба сулҳу сабот мусоидкунанда сохта шуда метавонанд. Донишҳои экспертҳои Маркази таҷрибаи пешрави НАТО аз рўи бехавфии энергетикиро, ки дар анҷуман аз тарафи муовини директори ин Марказ полковник Жан –Марк Буйе ва сардори шўъбаи таҳлили стратегӣ ва таҳқиқ Артурас Петкус оварда шуданд, таъкид намуда, Бюрои ходими НАТО оид ба алоқаҳои ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Розария Пулизи  он дастгириро, ки НАТО барои мустаҳкамкунии салоҳияти шарикон дар соҳаи бехавфӣ ва дифоъ, ҳамчунин дар ҷанбаи энергетикӣ мекунад, тақвият дод.