НАТО мактаби нахустини Тобистонаи минтақавии дипломатҳои ҷавони Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистонро парасторӣ мекунад.

  • 03 Jun. 2015 - 07 June 2015
  • |
  • Last updated 23-Jun-2015 14:40

7-уми июн дар соҳили кўли Иссиқкўл дар Қирғизистон мактаби нахустини Тобистонаи минтақавии дипломатҳои ҷавони Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Муғулистон ифтитоҳ ёфт. Мавзўи курси даҳрўза– «Дипломатияи асри XXI: Осиёи Марказӣ дар партави ҷаҳонишавӣ» буд.

Дар тадбири мазкур  22 нафар намояндагон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғўлистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва  Ўзбекистон ширкат  варзиданд. Тамоми иштирокчиён дар асоси озмун аз қатори талабгороне, ки дараҷаи аз котиби рутбаи якум поён доранд, соҳиби таҷрибаи корӣ дар соҳаи дипломатия, муносибатҳои байналхалқӣ, иқтисод, амният, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ мебошанд, интихоб гардидаанд.

Ректори  Академияи дипломатии ВКХ Ҷумҳурии Қирғизистон Нурлан Айтмурзаев дар маросими ифтитоҳӣ раисӣ намуда, Ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна Александр Винников дар мавзўи ҳамкории НАТО бо шарикон дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маърўза намуд. Дар байни баромадкунандагон ҳамчунин резидент- ҳамоҳангсози СММ дар Қирғизистон Александр Аванесов, сардори Маркази САҲА дар Бишкек Сергей Капинос, сафирони Туркманистон ва Ўзбекистон, ҳамчунин консули генералии Муғўлистон буданд.

Дар давоми хониш ба шунавандагон ашхоси вазифадори олирутба, сафирон, сардорони созмонҳои байналмилалӣ ва экспертҳои илмӣ маърўзаҳо хонда, машғулотҳо гузарониданд. Дар илова ба донишҳо оид ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ва ҳамкориҳои он, ки шунавандагон аз маърўзаҳои намояндагони НАТО гирифтанд, ҳамчунин ба сомеон имконияти гирифтани маълумот оид ба рушди байналхалқӣ аз вакилони вазифадори Бонки ҷаҳонӣ; пешгирии низоъ ва танзими ташаннуҷӣ – аз вакилони вазифадори Барномаи рушди СММ(БТСММ); таҳдидҳои минтақавии амният ва водии Фарғона – аз намояндагони САҲА; сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ ва ташаббуси “Роҳи нави абрешимӣ”– аз ходимони сафоратхонаи ИМА ва Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (АТБ ИМА); лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҷараёнҳои интегратсионӣ дар Осиёи Марказӣ– аз намояндагони Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва ва сафоратхонаи Федератсияи Россия; ва дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар бораи гуфтушунид ва муколимаи дуҷониба– аз экспертҳои Фаронса ва Эстония пайдо карданд.

Дар иттико ба таҷрибаи мактабҳои тобистонаи дипломатии тавъам дар минтақаҳои дигар, минҷумла дар Болкон, курси мазкур метавонад ба тадбири ҳарсолаи такмили малака табдил ёбад чун барои ҳамкории байниминтақавӣ ва ба роҳ мондани алоқаҳо дар байни мутахассисони соҳаи сиёсати хориҷӣ таҳкурсии зарурист.

Тадбир аз тарафи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дастаҷамъонаи Раёсати дипломатияи ҷамъияти НАТО, Идораи ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна, БТСММ дар Қирғизистон ва Маркази САҲА дар Бишкек ташкил карда шудааст.

Идомаи муколима бо ҳукумати Қирғизистон

Дар рафти ташрифи худ ба Қирғизистон ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна бо ходимони сафоратхонаҳои мамолики аъзои НАТО, ки дар Бишкек аккредитатсия кардаанд, вохўрд. Ҳамчунин бо намояндагони БТСММ, шўъбаи минтақавии  Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ(РКОҲИ СММ) дар Осиёи Марказӣ, намояндагии Иттиҳоди Авпупо ва Маркази САҲА дар Бишкек боздид намуд, то мавзўҳои оид ба манфиатҳои тарафайн ва марбут ба Қирғизистон ва тамоми минтақаро муҳокима намояд.

Ба ғайр аз ин, ҷаноби  Винников бо муовини аввали котиби Шўрои дифоъ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Эринес Оторбаев ва раиси кўмитаи порлумонии оид ба корҳои хориҷӣ  Канибек Иманалиев табодули афкор намуд. Муҳокимаҳо, ки дар давоми ташрифҳои аввалаи ҷаноб Винников оғоз шуда буданд, марбут ба масоили ҳамкории дутарафа дар доираи дастури  “Шарикӣ баҳри сулҳ”,рушди лоиҳаҳои мавҷуда ва ояндаи НАТО дар Қирғизистон, ҳамчунин  масоили амнияти минтақавӣ, ки бар манфиати умумианд, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, Шарқи Наздик ва Украина буданд.

Ҳамзамон ба ин, ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна ба барномаи начандон пеш ифтитоҳшудаи НАТО-Қирғизистон оид ба омўзонидани забони англисӣ ба ҳарбиёнро ташриф овард ва дар ин ҷо бо иштирокчиёни курс ва омўзгорон мулоқот намуд.Дар давоми ҳамон ҳафта  Идораи ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна  дар Донишгоҳи қирғиз- турки “Манас” дар шаҳри Бишкек анҷумани минтақавии экспертҳо таҳти мавзўи «Сиёсат ва муносибатҳои байналхалқӣ дар Осиёи Марказӣ” –ро парасторӣ намуд ва дар ҷараёни кори он бевосита ширкат варзид.