Ходими нави НАТО оид ба робитаҳо ва ҳамкорӣ бо мамолики Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ва Туркманистон ташриф меоварад.
Дар доираи сафари шиносоии худ ба Осиёи Марказӣ Розария Пулйизи барои иштирок варзидан дар гуфтушунидҳо оид ба фаъолияти ҷории байни НАТО ва ин мамолик, ҳамчунин имконоти васеъгардонии ҳамкорӣ дар соли 2016 ба пойтахтҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ташриф овард.
9 ва 10 декабр дар Душанбе (Тоҷикистон) рўзи Ахбори барномаи «Илм баҳри сулҳ ва бехатарӣ» (ИБСБ) доир шуд. Ин чорабинӣ, ки аз тарафи НАТО якҷоя бо Академияи идораи давлатӣ ва вазорати корҳои хориҷӣ гузаронида шуд, барои муҳокимаи тавсеаи баъдинаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва тадқиқот асос гашт. Ташкили ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза алайҳи терроризм дар сари рўйхати масоили мавриди муҳокима қарор додашуда дар анҷуман буданд, ки дар раванди он ҳам ходимони илмӣ ва ҳам мутахассисони амалиётчӣ ширкат варзиданд.
«ИБСБ – намунаи хуби ҳамкории амалист, ки НАТО ба мамолики Осиёи Марказӣ таклиф карда метавонад», – таъкид намуд ходими НАТО оид ба робитаҳо ва ҳамкорӣ бо мамолики Осиёи Марказӣ. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифоъ ў аз имкони баҳодиҳӣ ба ҳолати ҷории фаъолият ва таҳқиқи имконоти эҳтимолии ташаббусҳои оянда дар доираи Дастури инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ бо НАТО истифода бурд.
Аз 13 то 15 январ дар Ашқобод (Туркманистон) хонум Пулйизи бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Батир Ниязлиев ва намояндагони вазорати мудофиа соҳаҳои имконпазири ҳамкорӣ бо НАТО-ро муҳокима намуд. Статуси бетарафии худро тарафдорӣ намуда Туркманистон якҷоя бо ин, пештар дар соҳаи дипломатияи ҷамъиятии НАТО якчанд чорабинӣ гузаронида ҳавасманди васеъгардонии доираи ҳамкорӣ, аз ҷумла байни НАТО ва Академияи улум, Пажўҳишгоҳи муносибатҳои байналхалқии вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи байналхалқии улуми иҷтимоӣ ва тараққиёт будани худро собит намуд.