Донишҷўён аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон масоили сулҳу амният дар Тоҷикистонро муҳокима мекунанд
Аз 7-ум то 11-уми июл дар Ромит (Тоҷикистон) дарсҳои Осиёи Марказии тобистонаи минтақавии дипломатӣ (Академияи тобистона) баргузор шуд. Дар доираи мавзўи имсола, яъне “Шарикӣ баҳри сулҳ: манфиат ва вазифаҳои умумӣ дар Осиёи Марказӣ”диққати асосӣ ба ҷараёни тағйироти соҳаи иҷтимоӣ-сиёсии минтақа, истиқболҳои эҳтимолии рўйдодҳои соҳаи амният, нақши ташкилотҳои байналмилалӣ ва бартариҳои шарикӣ равона карда шуда буд.
Анқариб 30 нафар донишҷўёни мактабҳои олӣ аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон якҷоя бо ходимони калони илмӣ ва дипломатӣ ва ҳамчунин экспертҳои хориҷӣ масоили оид ба сиёсати байналхалқӣ ва амниятро муҳокима намуданд. Дар давоми тадрис як қатор масъалаҳо чун пойдорсозии демократия, экстремизми зўровар, гардиши ноқонунии маводи мухаддир, энергетика ва дигар масоили дар назди минтақа истода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар тўли ин ҳафта сафирони тамоми мамолики НАТО, ки дар Душанбе муаррифӣ шудаанд (Фаронса, Олмон, Туркия, Шоҳигарии Муттаҳида ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ба Академияи тобистона ташриф оварданд, то бо донишҷўён табодули афкор намоянд. Роҳбарони миссияҳои Иттиҳоди Аврупо(ИА) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи фаъолияти созмонҳои хеш дар минтақаи Осиёи Марказӣ маърўзаҳо карданд. Ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна Александр Винников дар мавзўи ҳамкории НАТО бо шарикон дар Осиёи Марказӣ ва ҳаводории Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ аз Афғонистон маърўза намуд.
Ин ташаббуси беназир сарварони ояндаи Осиёи Марказиро муттаҳид гардонида, тавассути маърўзаҳо, тақдимот, муҳокима ва мунозираҳо имкон медиҳад, ки дар байни онҳо ҳамкорӣ мустаҳкам гардад. Ин тадбири ҳарсола бо дастгирии Раёсати дипломатияи ҷамъиятии НАТО, Идораи НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна ва сафоратхонаи билвоситаи НАТО дар Тоҷикистон – сафоратхонаи Олмон аз тарафи ташкилоти ҷамъияти шаҳрвандии «Вектор интеллект», ки дар Душанбе ҷойгир аст, баргузор карда шуд.
Дар давоми ташрифи худ ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна ҳамчунин бо вакилони олирутбаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати қушўнҳои сарҳадии Тоҷикистон вохўрд ва дар ҷараёни ин сўҳбатҳо тадбирҳои дар доираи Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ иҷро мешуда, ки оиди он байни НАТО ва Тоҷикистон мувофиқат мавҷуд аст, муҳокима карда шуданд. Онҳо ҳамчунин ҳодисаҳои ба наздикӣ дар Афғонистон, Шарқи Наздик ва Украина рух додаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаноби Винников ҳамчунин бо мақсади табодули ахбор бо раҳбарони ваколатхонаҳои ИА,САҲА ва Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе вохўриҳои доимии худро давом дода, доир ба натоиҷи ташрифи худ ба сафоратхонаҳои мамолики НАТО маълумот дод.