Дафтари корманди НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна

  • Last updated 17-Apr-2014 10:58

Корманди НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бевосита бо мақомоти давлатии мамлакатҳои Осиёи Миёна бо мақсади истифодаи пурраи дастгоҳҳои шарикӣ бо НАТО дар доираи барномаҳои ҳамкории онҳо бо Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ кор мебарад.

Бо дастгирии қисми хурди ёварон ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ, ҳамчунин масъулияти вакили дипломатии НАТО-ро ба дўш мегирад. Ин дар навбати худ ба ҳамкории амалии НАТО бо шарикони худ дар Осиёи Миёна хусусан, банақшагирии дифоъ ва таҳлил, банақшагирии фавқулоддаи шаҳрвандӣ, дастгирии амалиётҳои НАТО, таълим ва омодакунии ҳарбӣ, ҳамкории илмӣ ва экологӣ, дипломатия мусоидат мекунад. Корманди НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ боз бо мақомоти байналхалқии дигари минтақа чун сафоратхонаҳои мамолики аъзои НАТО ва ташкилотҳои байналхалқии соир аз  ҷумла, миссияҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони байналхалқии Ҳилоли Аҳмар дар алоқамандӣ фаъолияти сўдманд мебарад.

Қазоқистон нахустин шарики НАТО дар Осиёи Марказӣ буд, ки Ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангиро пазируфт. Аз моҳи марти соли 2013-ум Ходими ҳозираи НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ дар Ўзбекистон фаъолият мебарад, ки ин ҷо Идораи он ба ҳайси намояндагии дипломатӣ қарор гирифтааст.

Дафтари корманди НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна

Миссия

  • намояндагии  НАТО дар Осиёи Марказӣ.
  • васеъ кардани доираи муколима ва ҳамдигарфаҳмӣ бо мамлакатҳои шарики Осиёи Марказӣ.
  • мусоидат кардан ба ҳамкории амалӣ дар доираи  Шарикӣ барои сулҳ.

Вазифаҳо

  • густариш додан ва нигоҳдошти алоқаҳо байни НАТО, шарикони он ва ҳамкорон дар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ баҳри мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ  .
  • расонидани мадад ва гузаронидани машваратҳо ба мамлакатҳои шарики Осиёи Марказӣ ва НАТО дар баланд гардонидани фаъолии амалӣ ҷиҳати дастгирии мақсадҳое, ки дар нақшаи амали инфиродии ҳамкории ҳар як шарик бо НАТО оварда шудааст.
  • дастгирии НАТО ва иттифоқчиёни он аз рўи масъалаҳои интиқолии ISAF.
  • дар ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои шаҳрвандии мамлакатҳои шарик дар  Осиёи Марказӣ гузаронидани тадбирҳо оид ба дипломатияи ҷамъиятӣ.
  • бастани алоқа бо ташкилотҳои дигари байналмилалӣ (сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ) дар Осиёи Марказӣ.
  • мусоидат кардан ба лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, тадбирҳо ва ташрифҳои НАТО ва Иттифоқчиён дар минтақа.

Маълумоти умумии ташкилӣ

  • Идораи ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна  моҳи июли соли 2013-ум ташкил ёфта, аз моҳи августи соли 2013-ум амал мекунад.
  • Ҳайъати амалкунанда: 4 нафар
    • Корманди НАТО оид ба ба алоқа ва ҳамоҳангӣ/ Роҳбари намояндагӣ (ходими шаҳрвандии Котибияти байналхалқии НАТО);
    • Корманди масъул оид ба масъалаҳои интиқол (мутахассиси миллии шаҳрвандӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Латвия таъин шудааст);
    • 1 нафар ҷалбшуда дар ҷои ёвари вазифашунос;
    • 1 нафар ҷалбшуда дар ҷои ёвар оид ба масъалаҳои маъмурӣ/офис-менеҷер.

Манзил:
Маркази тиҷоратии байналхалқӣ (ошёни 11-ум) 
хиёбони  Амир Темур, 107 Б
100084 шаҳри Тошканд
Ҷумҳурии Ўзбекистон
Тел.: +998 (71) 234 45 07
Факс: +998 (71) 234 72 07
E-mail: NLOCentralAsia@hq.nato.int