Дар Академияи тобистона, ки бо дастгирии НАТО дар Тоҷикистон баргузор шуд, масоили ташаккул ва ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.

  • 04 Jul. 2014 - 14 July 2014
  • |
  • Last updated 23-Dec-2014 10:15

Академияи тобистонаи ҳарсолаи навбати даҳум, ки бо дастгирии НАТО баргузор шуд, дар Ромит, дар Тоҷикистон тайи рўзҳои 4-11 июл шуда гузашт. Мавзўи анҷумани имсола “Осиёи Марказӣ баъди соли 2014-ум: рушди минтақавӣ ва равандҳои эътидол” гашт.

Ин тадбири ҳарсола донишҷўёнро аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Руссия муттаҳид мекунад. Дар академияҳои тобистонаи солҳои гузашта ҳамчунин аз Қазоқистон ва Қирғизистон донишҷўён ширкат варзида буданд. Анҷуман имкон медиҳад, то онҳо дар семинарҳои интерфаъол ва гурўҳҳои мунозиравӣ оид ба масоили вобаста бо бехавфии байналмилалӣ, ки аз тарафи мутахассисони пешоҳанги тоҷик ва дипломатҳои хориҷӣ бо забони англисӣ гузаронида мешаванд, иштирок кунанд.

Ходими НАТО оид ба алоқа ва ҳамоҳангӣ бо мамлакатҳои Осиёи Миёна Александр Винников аз 6-ум то 8-уми июл дар доираи ҳамкории Эътилоф бо ин мамлакати шарик ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Ин ташрифи сеюми ҷаноби Винников ба Тоҷикистон аз замони ба ин вазифа дар соли гузашта таъин шудани ў буд.

Ҷаноби  Винников дар маъракаи ифтитоҳии Академия бо маърўза баромад карда, дар бораи ҳамкории Эътилоф бо шарикҳои худ дар Осиёи Марказӣ сухан намуд ва ҳамчунин, ба саволҳои донишҷўён дар бораи дурнамои НАТО, оид ба Афғонистон ва Украина ҷавобҳо гуфт.

“Ҷавонони Осиёи Марказӣ лоиқи имкониятҳои васеъву бештаранд. Академия ба сарварони оянда имконият медиҳад, ки донишҳои худро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарохтар созанд ва ҳамзамон ба ин, бо ҳамкорони худ дар минтақа муносибатҳои давомдор барқарор кунанд.”- гуфт ҷаноби Виннников.

«Аз ҳамин рў, НАТО аз дастгирии ин ибтикори беназир хушнуд аст»- гуфта хулоса намуд ў.

Тадбир аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии Вектор Интеллект бо дастгирии НАТО ва сафоратхонаи Фаронса, сафоратхонаи алоқавии НАТО дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.